
Нақшаи ишқи дурӯғини туро рафта барбод кунам ё накунам?
Мурд уммеди даруни дили ман, баъд аз ин хастадилу маҳзунам,
Дар сари қабри муҳаббат шабу рӯз доду фарёд кунам ё накунам?
Дар паси панҷараи навмедӣ, мондаам бекасу дур аз шодӣ
Ҷони дар умқи қафасҷошударо тоза озод кунам ё накунам.
Ишқ эй ояте аз озодӣ, шеърро баҳри дилам бахшидӣ
Аз ғами талхи ҳама одамҳо, қисса эҷод кунам, ё накунам ?
Хотир ошуфтаю чашмам гирён, рӯҳам олудаи сад андӯҳ аст,
Дили мотамзадаву танҳоро, мешавад шод кунам ё накунам?
Оҳ эй дил, дили вайронаи ман, чи қадар шишаи садпора шудӣ,
Ту бигӯ мешавад оё ки туро, аз нав обод кунам ё накунам?