Size: a a a

Nigina Amonqulova

2020 May 13
Nigina Amonqulova
Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр,
Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд.
источник
2020 May 14
Nigina Amonqulova
📹 Nigina Amonqulova - Modar (2016) @niginamusic🎵@niginamusic🎵
источник
2020 May 15
Nigina Amonqulova
Дигар дилдода ҳам аз дидани рухсор метарсад,
Дигар маъшуқаи ширинадо аз ёр метарсад.

Дигар бӯсу канору ишвапардозӣ зи хотир рафт,
Дигар пири куҳан аз дидаи бедор метарсад.

Дигар тоҷир намехоҳад, ки аз хона бурун ояд,
Гадои кӯча ҳам аз рафтани бозор метарсад.

Дигар на корҷӯ, на коргар дар раҳ наметобад,
Ки акнун аз нишони кор мардикор метарсад.

Дигар меҳру мурувват ҳам намонда дар дили мардум,
Каси соҳибхирад аз дидани бемор метарсад.

Макотиб холӣ аз тифлу масоҷид холӣ аз одам,
Ҳама пиру ҷавон аз марги безинҳор метарсад.

Калону хурд бинвисад мусибатномаи олам,
Табиб дар тарси ҷон аз ҳолати темор метарсад.

Худовандо, ба лутфи худ димоғи мо муаттар кун,
Замин аз мурдаи бечораи афгор метарсад.
@niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
Рузи саиди Ҷумъа ва Рӯзи Оила муборак ҳамватанони азиз! Ба ҳамаи Шумо оилаи солим ва хушбахтии абадӣ хоҳонам❤️
источник
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
источник
2020 May 16
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
Life does not punish us.  Life teaches us.  And we live for the sake of this knowledge.  Any event can change us, but catastrophic events have the maximum potential for changing the way of thinking.  Live, feeling that in any event there is a deep meaning, then ALL life will be filled with meaning.  Understand why this test was sent to you, pass it with honor, and it will not meet you again. @niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
Жизнь нас не наказывает. Жизнь нас учит. И живем мы ради этих знаний. Любое событие способно изменить нас, но для смены образа мысли максимальным потенциалом обладают события катастрофические. Живи, ощущая, что в любом событии есть глубокий смысл, тогда смыслом наполнится и ВСЯ жизнь. Разберись, зачем тебе было послано это испытание, пройди его с честью, и больше оно тебе не встретится. @niginamusic
источник
2020 May 19
Nigina Amonqulova
📹 Nigina Amonqulova - Watan🇹🇯❤ | Нигина Амонқулова - Ватан🇹🇯❤
источник
2020 May 20
Nigina Amonqulova
#ДарХонаБимонед ❤️
#ОставайтесьДома
#StayHomeСамое
#ДарХонаБимонед ❤️
#ОставайтесьДома
#StayHomeСамое важное и самое трудное для мощного духа — это уметь сдерживать себя: пруд спокойно стоит в долине, но чтобы сдерживать его нужны горы. Берегите себя и родных  @niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
Ту эй фарзанди одам дил қавӣ дор
Туро ҳушдорӣ додам дил қавӣ дор
Агар дар дил наёрӣ тарсу хавфро
Балое нест вабо ҳам дил қааӣ дор
Ҳамон кас эмин аст аз ҳар балое
Ки он аз лутфи худоям дил қааӣ дор
Вагар хоҳӣ наҷоти ҷисму ҷонат
Магир бар дил ту ҳеҷ ғам дил қавӣ дор
Умеди раҳмати Ҳақ дошта бошӣ
Саломат монӣ ин дам дил қавӣ дор


Ҳамватанони арҷманд дили худ қавӣ дореду бо тақозоӣ шароити пеш омада дар хона бимонед барои саломатии худи Шумоён
источник
2020 May 22
Nigina Amonqulova
Download MP3 VATAN song 🎵
источник
Nigina Amonqulova
"САЛОМ..."

Дастҳои нотавонам
Сахт пазмони салом аст.
Руйи дастонам Худоё,
Як дуои нотамом аст.

Дастҳо аз дасти дурӣ,
Баски дар тобу итобанд,
Номаи танҳоӣ дар каф,
То саҳаргоҳон нахобанд.

Ку рафоқат, ку муҳаббат,
Ку ҳарими дустдорӣ?
Оҳ, мехоҳам, ки ай дӯст,
Дастҳоямро фишорӣ.

Вой, меларзам зи андӯҳ
Сарду сангину хаёлӣ.
Мебарам маҳзуну ноком,
Дастҳо бар ҷайби холӣ...

Даст бар дасте ниҳодан-
Охирин ҳарфу калом аст?
Ҳайф аз ин дунё, ки дигар,
Марги мо дасти "Салом" аст.

Зиёвиддини Нурзод
источник
2020 May 23
Nigina Amonqulova
Бигзарад ин рузгори талхтар аз заҳр
Бори дигар рузгори чун шакар ояд

Офате ҳамчунонам маргбор дар даҳр
Кам набуд лек дур шуд аз барру баҳр
источник
Nigina Amonqulova
Новый обновление версия 1.2.0 приложение нашего сайта можете скачать и установить на свой телефон версия для андроид  ....   New update version 1.2.0 application of our site can download and install the version for android on your phone
источник
Nigina Amonqulova
источник
2020 May 24
Nigina Amonqulova
Дуруду сипос! Агарчи рафтани моҳи ширифи Рамазон маҳзункунанда аст, Иди саиди фитрро ба Шумову хонаводаи ҳар яки шумо муборакбод мегӯям!
Аз даргоҳи Худованд таманнои онро дорам, ки омадани моҳи ширифи Рамазонро дар соли оянда ба Шумо табрик намоям!                           Идатон муборак бошад!
источник
Nigina Amonqulova
источник
2020 May 26
Nigina Amonqulova
Нафасро қадр бинмоед!

Ҷаҳон дар панҷаи марг асту номардум,
Фақат андар пайи эълону рекломанд,
Шуд айёме, ки нонатро намеёбӣ ту бе миннат,
Вале беномҳо он қадр ҳам дар ҷустани номанд..

Ҷаҳон дар панҷаи марг аст! Номардум ба худ оед!!!

Халоиқ интизори хушхабар ҳастанд,
Кабӯтарҳо ҳама дар лона зиндонӣ.

Касе дар марги соҳибдил намегиряд,
Касе дигар тавофи дил намеояд.
Касе дигар ба "бисту" "чил"намегиряд.

Ҷаҳон дар панҷаи марг аст, эй мардум!
Ба хештан ғадр манмоед,
Нафасро қадр бинмоед!
источник