Чӣ даҳшатест, Худоё, салом мумкин нест,
Зи даст бар дили дасте паём мумкин нест
Ба пешвози азизон намекашӣ оғӯш,
Дар ин замона ба ҳам эҳтиром мумкин нест
Чӣ офате, ки ҷаҳонро нишонд дар хона,
Ба кӯчаҳо гузари издиҳом мумкин нест
Садои сурфаи худро фурӯ барад мардум,
Зи бими ранҷи карона зуком мумкин нест
Навои хониши булбул ба гул чӣ ғамгин аст,
Ба гӯши ёр нафас аз калом мумкин нест
Худои муждарасон, роҳи офият бинамо,
Ки ин маризи балоро давом мумкин нест. #дархонабимонед