Дилам барои туву бахти тира месӯзад,
Барои ҳадяи ғамҳои кабира месӯзад.
Касе ба ҳоли мани хаста раҳм дорад? – Не!
Дилам барои чароғҳои хира месӯзад.
Қалам алам навишта ба шакли шеъру ғазал,
Даруни ҳарфу ҳиҷо ҳар назира месӯзад.
Дар ин яхбастаи шимолӣ зи ҷабри фалак,
Ғарибу беватану асира месӯзад...
Зи қатраҳои ашки ман равона шуд дарё,
Ки сангу хору хаси ҷазира месӯзад.
Барои захми дилам малҳаме бифармуданд,
Аҷаб дарди бедаво, хамира месӯзад.