
То охирин нафас пайи ишқи содаам,
Дилро ба дасти ғам ғарибона додаам.
Эй дард нағунҷӣ ту ба вазну ҳиҷои шеър,
Мактуби ғуссаро пешат кушодаам.
Умре ба фикри ту дар ин гирудори дард,
Дар чоҳи иштибоҳ, азизам, фитодаам.
Эй душмани бадам,аз хандаат намон,
Чунки зи дасти ту дар ин самти ҷодаам.
Тақдиру қисматам, пешат ба сад алам,
Кулбори шикваро умре ниҳодаам.
Эй вақт, табиби ман, чаро тез меравӣ?
Раҳме ба ман намо, киохир пиёдаам.