Эй ҳамсадою ҳамнафас,
Эй ғамшиноси ман,
Андар вафову аҳд
Бидуни қиёси ман.
Умре равона аст
Ба ту арзи сипоси ман,
Афсуси зиндагониям,
Ман бахт наорамат,
Ҳарчанд эй азизи дил,
Ман дӯст дорамат!
Ту офтоби самои дилӣ,
Ман абри даргузар,
Укёнуси вафои дилат,
Ман шабнами саҳар,
Бар дӯш бори зиндагӣ,
Ман мушкили дигар,
Эй беҳтарини ман
Ба Худо месупорамат,
Ишқи ману вафои манӣ,
Дӯст дорамат!
Гуфтам, ки шӯри дил чӣ буд?
Гуфтӣ: муҳаббат аст.
Гуфтам, ки пас ҷудоӣ чист?
Гуфтӣ, ки қисмат аст.
Бе якдигар азоби сахт
Ин ҷурми одат аст.
Аз шаҳри ғамсириштаҳо
Ман нома орамат,
Дар он навишта , эй азизе ки:
Дӯст дорамат.
АНИСА МАНОНОВА