Имтиҳоноти зиёдеро пас додаам,
Дардҳои зиёдеро дар худ таҷруба кардам,
Зиндагиро
Бо ҳама лаҳаззоти ошнову ғарибаш
Бо ҳама шодиҳояш
Ки гаҳ-гоҳе чун паёмбарони Худованд зуҳур мекарданд,
Бо ҳама ғамҳояш,
Ки чун анбуҳе аз халқҳову халқҳову халқҳо
Аз тамомии зиндагии ман убур мекарданд
Дар зарра-зарраи ҷонам,
Дар қатра-қатраи хунам
Дар лаҳза-лаҳзаи буданам
Озмойиш кардам.
Манн гувоҳнома дорам аз Худованд!
Натоиҷи ҳама он имтиҳонҳо, таҷрибаҳо, озмойишҳо
Манфӣ буда аст!
Ман тамомии ҳаётамро
Ҳеҷ гоҳ! Ҳеҷ касеро! Дӯст намедоштаам!
Мефаҳмӣ?!
Манн ҳеҷ гоҳ дар зиндагиям ошиқ набудаам!
Медонӣ?!
Бигзарем!
Ҳоло дигар
Эй азизтарин, зеботарин, меҳрабонтарин,
Эй беҳтарин офаридаи Парвардгори ман!
Нигоҳатро аз чашмони баргир!
Даст аз сари ман бардор!
Раҳоям кун
Маро бо ман бигзор!
Ман нотавонам аз дидан бар рӯйи ту
Ман бемаконам аз будан бо ту
Ин таҷриба баройи ман бисёр бегона аст!
Ин озмойишро ҳеҷ як аз зарроти хуни ман ёд надорад!
Ман дар муқобили инҳама Зебойи бисёр бечораам!
Ман ин имтиҳонро
Пас нахоҳам дод… мебахшӣ…
Сиëвуш Ҷунайдӣ