Ба диққати ҳамаи мухлисонам ва махсусан ба бонувон мерасонам, ки истифодаи аксҳои ман дар маводи дорувории бар зидди фарбеҳӣ бе ризояти ман сурат гирифтааст ва ин реклама саропо дуруғ аст. Ман фақат бо роҳи табиӣ тавассути машқи ҷисмонӣ вазнамро танзим мекунам. Эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба дуруғу сафсата ва манфиатҷӯии чунин афроди туҳматгар дода нашавед! Бо арҷмандии зиёди Нигини Шумо!