Хубрўёни ҷаҳон бо хуб ҳамроҳӣ кунед,
Зиндагониро ба таври хеш тарроҳӣ кунед.
Оламе дар олами дигар агар пайдо шавад,
Олами дилро фидои ёри дилхоҳе кунед.
Лаълии субҳи муборакро ба каф бардошта,
Ҷони худро садқаи ёри худогоҳе кунед.
Шоми тори зиндагӣ бо субҳ дорад улфатӣ,
Улфатӣ бо мардуми сар бар сари роҳе кунед.
Ҷоми дил холи мабодо аз шароби орзу,
Орзуро то диёри ишқ ҳамроҳӣ кунед.
Сабзаҳои рӯи раҳ гарданд пойандозатон,
Ҳар нафас шукронаи дарди дилогоҳӣ кунед.
Ҳар касе менолад аз имрӯзу фардоҳои худ,
То ба дунёи пур аз асрори дил роҳӣ кунед.
- Норинисо- Норинисо