ТИРАМОҲ
Имрўзҳо баҳона кунам тирамоҳро,
То баркашам ба ёди ту аз сина оҳро.
Чун шохсор, кош, тавонам, ки ҳар хазон
Резам зи хеш барги баҳори гуноҳро.
Нозукдилам ба сўзани ѓамҳо нишастааст,
Ё Раб, раҳон зи хор гули бепаноҳро!
Фурсат нашуд, иваз бикунам гоҳи диданат
Ҳузни радифгаштаи шеъри нигоҳро.
Гоҳе агар ки танг шавад дил, чӣ мекунӣ?
Берун зи ќайди шаб натавон кард моҳро.
Ҳузнам, ки ишќи туст, шавад ошкор, лек
Имрўзҳо баҳона кунам тирамоҳро.
Озар Салим