БО МАН БИМОН...
Эй хуштарин таронаи ман, дуст дорамат,
Эй дилбари ягонаи ман, дуст дорамат.
Танҳо туӣ, ки зиндагии ман пур аз сафост,
Эй шеъри ошиқонаи ман, дӯст дорамат.
Эй ёр, эй баҳори дилам, эй вуҷуди пок,
Сарро бимон ба шонаи ман, дӯст дорамат.
Дар ошёни дидаи ман лона мондаӣ,
Эй нури ошёнаи ман, дӯст дорамат.
Аз ман марав, ки меравад аз даст зиндагӣ,
Эй беҳтарин фасонаи ман, дӯст дорамат.
Аз баҳри он ки бар ту диламро супурдаам,
Бо ман бимон, баҳонаи ман, дӯст дорамат.
Бобаки Сугди