Аз сарам хоҳам ки ёдат як даме берун кунам.
Руи ту ояд ба ёдам ман надонам чун кунам.
Тавба аз май кардаму лаъли лабат омад ба ёд,
Майпарастӣ баъд аз ин ман аз лаби майгун кунам.
Хонумон аз даст додам ман зи дасти хонумон,
Хонабардушам чу Маҷнун хайма дар ҳомун кунам.
Теғи абруят бирезад хуни дилҳоро ба ноз,
Чун намерезӣ ту хунам қалби худро хун кунам.
Сад биёбон ташнаи боронаму дарёи ноз,
Чашмаи чашмам нахушкад дидаро Ҷайҳун кунам.
Шиква аз умрам надорам, шиква аз обу гилам,
Айб бошад гар зи дуне шиква бар гардун кунам.