БОЗ БОРОН...
Дилам чун ту гирифтор аст, борон,
Ғами дунё чӣ бисёр аст, борон.
Агар нодида мегирам ғамашро,
Дилам аммо нигаҳдор аст, борон.
Ҳама аз ишқ гуфтам, дарди ӯ буд,
Намедонам сазовор аст, борон?
Куҷо шуд расми хуби дӯстдорӣ,
Ки ин гумгашта даркор аст, борон.
Тапишҳои диламро мешуморам
Худоё, сахт бемор аст, борон.
Салом эй ишқ мегӯям дубора,
Магар ин шева такрор аст, борон?
Бигӯ, оне, ки ақлам бурд аз сар,
Маро оё вафодор аст, борон?
Чӣ ширин метапад қалбам ба сина,
Садои пойи он ёр аст, борон?