Дар пайкари бобунагиам гарди ғами туст,
Гӯё, ки само ҳамназари чашми нами туст.
Атри бағалат пайки баҳорони қашанг аст,
Лабханди гулам муъҷизаи ҳар қадами туст.
Дар чодари ишқат ҳама тасвири вафо рехт,
Оғози муҳаббат зи дили муҳтарами туст.
Гаҳ буғз гирифт роҳи нафас кош бидонӣ,
Дармони дилам лаъли дуъобахшу дами туст.
Эй муждаи эҳсоси дили ошиқу зорам,
Ин шеър аз он хотираи бешу ками туст.
Эй шаҳри ду чашмат ғазали тозаи Руъё,
Султони дилам, кунҷи дили ман ҳарами туст.
Руъё Усмони
@niginamusic