Гар дилнавозӣ мекунӣ, оҳанги вайронӣ чаро?
Вар шӯлабозӣ мекунӣ бо маслиҳат донӣ чаро?
Ҳардам ба ранги нав ба нав бар ҷон ниҳӣ доси дарав,
Куштӣ, бикуш, рафтӣ, бирав, дигар пушаймонӣ чаро?
Побӯси ишқам з-ин лабон, ҳамчу сагат рӯзу шабон,
Эй тӯтии ширинзабон, ин гурбарақсонӣ чаро?
Ишқ асту сад расвогарӣ, оташдилӣ оташсарӣ,
Дурдона гар хоҳӣ барӣ аз баҳри туфонӣ чаро?
Гар чирадастӣ мекунӣ, гаҳ тарки мастӣ мекунӣ,
Гар бутпарастӣ мекунӣ, бо суннати Монӣ чаро?
То кай ба қаҳри ҷодувон, чин барниҳӣ бар абрувон,
Эй хоҷа, баҳри некувон, ин бандатарсонӣ чаро?
Бо сахтии дилдодагӣ лаззат маҷӯй аз содагӣ,
Сар бар каш аз омодагӣ дар банди осмонӣ чаро?
Эй ҷоми нӯшат меҳри ман, то дил насӯзӣ баҳри ман,
Рӯ даркашӣ чун Аҳриман бо лутфи Яздонӣ чаро?
Донам ба нангам мекушӣ в-аз бими ҷангам мекушӣ,
Чун бо шарангам мекушӣ дар шоми меҳмонӣ чаро?
Эй бо Фаридун саргарон, оғӯши коми дигарон,
Бо хашму қаҳри бекарон он меҳри пинҳонӣ чаро?
ФАРИДУНИ ТАВАЛЛУЛӢ
@niginamusic