Ҳазор ғам дидаам ман, рӯи ғам дидан намехоҳам,
Дурӯғин қиссаҳоро, вой, бишнидан намехоҳам.
Ҳамеша чор фасли зиндагӣ бӯи хазон мекард,
Дигар ман аз гули навмедиҳо чидан намехоҳам.
Ҳазорон илтиҷо кардам нагир аз ман азизамро,
Худоё, пеши пойи марг афтидан намехоҳам.
Чаҳон бар мо накард раҳме, ба хушбахтӣ надошт саҳме,
Дилам сангиву пулодист раҳмидан намехоҳам.
Даруни оташи ҳиҷрон, месӯхт ин дили пазмон,
Зи сардии каломи дӯст ларзидан намехоҳам.
Маро танҳои ёри бовафо гардидааст инак ,
Аз ин ҳамроҳи беозор бибридан намехоҳам.
Ман он як сабзаеям, дар зимистони ғаме зистам,
Баҳорон аз зимини шодӣ рӯидан намехоҳам.
Ҳама ҷо санҷишу ранҷиш, дунё моли беарзиш,
Дигар аз қисмате, ки ҳаст, ранҷидан намехоҳам!!!