Рӯзе ба қадрам мерасӣ, рӯзе , ки дигар нестам, То мекунӣ шеъри маро як рӯз аз бар, нестам. Дунё бидуни ишқи ту дар чашми ман беарзиш аст, Ман бе хаёли рӯи ту дар баҳру дар бар нестам. То ошёни чашми ту манзилгаҳи ишқи ман аст, Ман бо ҳама нодорамӣ бебому бедар нестам. Бо суръати тири нигоҳ аз роҳу бераҳ, ҷони ман, Пар мекашидам сӯи ту, ҳайфо, кабутар нестам. Дар гарму сарди зиндагӣ ҳамроҳу ҳамрози туям, Бесӯ намонам пои худ, марди қаландар нестам! Як лаҳза бар сар бурданам бе рӯи ту номумкин аст, Эй маънии ҳастии ман, ҷуз бо ту ҳампар нестам!