
Дар шарҳи лиқо ойина найранг
надорад,
Чун зоҳири одам саду як ранг
надорад.
Бар шишаи покизаи дил санг маяндоз,
Ин шиша, ки андар бағалаш санг
надорад.
То нам накашад аз қабати хок
баногаҳ,
Оҳан ба танаш пираҳани занг надорад.
Аз ҷинси гуҳар нест, аз ангезаи хорост,
Он дил, ки садафрезаи аржанг
надорад.
Боло наравад иззати най аз сари чӯбе,
Дар парда агар ларзаи оҳанг надорад.
Бар дилкадаи Орзу бо сулҳ қадам зан,
К-ин дилкада тоби тааби чанг
надорад.
Орзу Исоев