Бирав...
Ҳасани Исҳоқӣ
Ҳоло ки хоб рафта дилам бе садо бирав,
Ором рад шав аз ману бе эътино бирав.
Инбор ҳарфҳои дили ман нагуфтанист,
Инбор-ро напурс чарову куҷо?...бирав!
Аз нав тамоми хотираҳоро мурур кун!
Асло наё ба қалби ман аз ибтидо! Бирав !
Аслан хаёл кун, ки дилат ҷои дигарест
Аслан хаёл кун, ки надиди маро бирав!
Баъд аз ту ҳеч кас ба дилам сар намезанад
Дарро бубанд пушти сарат, бе садо бирав!!!