Дар талоши зиндагиям
Аё гулғунчаи марғубу зебо,
Ту дорои аҷаб ҳусни дилоро,
Ба ишқат гаштаам мафтуну шайдо,
Маро магзор бераҳмона танҳо,
Ки ман ҳам дар талоши зиндагиям,
Ҳаводори русуми ошиқиям.
Чи хуш дар бӯстон лаб кардаи во,
Набошад дар чаман мисли ту ҳамто,
Туро кардам ба тори дидаам ҷо,
Маро магзор бераҳмона танҳо,
Ки ман ҳам дар талоши зиндагиям,
Ҳаводори русуми ошиқиям.
Ҳамеша иддао дорам, бифармо,
Ки бошам ҳамнафас бо ту, парисо,
Ту ҳоли хастаам бинмо тамошо,
Маро магзор бераҳмона танҳо,
Ки ман ҳам дар талоши зиндагиям,
Ҳаводори русуми ошиқиям.
С. Қодирӣ