Size: a a a

Nigina Amonqulova

2021 February 20
Nigina Amonqulova
ДИЛАМ АШЪОР МЕХОҲАД

Дили бемори ман доим дили бедор мехоҳад,
Зи захми ишқ пурхун  шуд,гули бехор мехоҳад.

Барояш сина тангӣ мекунад,озодӣ мақсудаш,
Ба мисли моҳии  лабташнае анҳор мехоҳад.

Биё ҳамдам,биё марҳам,биё барҳам бидеҳ бар ғам,
Ки дил ҳардам туро танҳо,туро такрор мехоҳад.

Намеоӣ, намегӯӣ ба ман рози ниҳонатро,
Накун инкор ҳаргиз, аз ту дил иқрор мехоҳад.

Навис аз ишқ, аз дидор, аз дилдор ҳар лаҳза,
Шоҳсанам аз ту қалби шефта ашъор мехоҳад.
источник
Nigina Amonqulova
Бо мухлисон ва дустон. @niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
ЧАШМОНИ ТУ

Ахтарони шомҳои тори ман чашмони ту,
Марҳами захми дили афгори ман чашмони ту.

Бегумон, илҳом мебахшад ба ҳар як шеъри нав,
Боиси мавзунии ашъори ман чашмони ту.

Дар ҷаҳон танҳо ту дорӣ аз каму бешам хабар,
Беназирам, шоҳиди асрори ман чашмони ту.

То туро дорам, дилам ором дорад субҳу шом,
Посбони то саҳар бедори ман чашмони ту.

Дӯст медорам нигоҳатро, бароям то абад
Кошки оина бошад, ёри ман, чашмони ту.

Дигарам, дигар наметарсам зи шаб, чунки кунун
Ахтарони шомҳои тори ман чашмони ту.
источник
Nigina Amonqulova
Ай бо ману пинҳон чу дил, аз дил саломат мекунам,
Ту Каъбаӣ, ҳар ҷо равам, қасди мақомат мекунам.
Ҳар ҷо, ки ҳастӣ, ҳозирӣ, аз дур дар мо нозирӣ,
Шаб хона рушан мешавад, чун ёди номат мекунам.
источник
Nigina Amonqulova
Дасти туро  бигирам  , бошад  бигирӣ  дастам,
То ҳастаму то ҳастӣ, то ҳастию то ҳастам.

Аз ҷоми лабат нӯшам, нӯшӣ зи лаби ҷоме,
То масти майи нобӣ аз ҷоми лабат мастам.

Нашкаста хумори мо , сад шукри баҳори мо,
Армони дилу ҷонро, бишкастию бишкастам.

Дилбастаи рӯят ман,  дар бастӣ бар  рӯи ман,
Бишкаста дусад тавба, паймони вафо бастам,

Бигзаштӣ башаст умрам, дар шасти камолотам,
Дар доми балои ту чу моҳийи дар шастам

То Каъбаи ишқи ту бас роҳи дарозе ҳаст,
Дар қиблаи рӯи ту биншастаму биншастам.
источник
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
САНО БА ЗАНХОЕ, КИ МАРДАНД !

Агар Ҳофиз ту медидӣ ҷамоли духтари тоҷик,
Барояш ҳадя мекардӣ тамоми рӯи дунёро.
Занҳо роҳбар, роҳбалад ва роҳкушои ҳаёти хубиҳову хушрӯзиҳо ҳастанд, ки инсонҳоро ба роҳи накуии хеш дилшоду масрур месозанд. Нигина Амонкулова, аз ҷумлаи бонувони соҳибхирадест, ки бо лутфу марҳамати хеш, бо фурутанию хиради волои дилчаскунандаашон дар як муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи мардум  маъво гирифт. Дар воқеъ, ҳар вақто, ки ворид интернет мешавам дар ҳар авроқи сахифаҳо аз фаъолияту аз лутфу эҳсонаш ҳарфҳои хуш мебинаму мешунавам, ки ин нуқтаҳои ширин қадру қиммат ва манзалаташро миёни мо ҷавондухтарону бонувон зиёда мегардонад. Нигина Амонкулова дар ҳақиқат бонуеро мемонад, ки каломи нарму дили ба табиату замин якаш мафтуни хубиҳост. Идеали ҷавондухтарону бонувон - Нигина Амонкулова
Тоҷикистони маҳбуб бо чунин сарояндаи мардумӣ рӯз аз рӯз зебою дилнишин ва дилрабо мегардад. Аҳсан ба Пешвои миллат, барои интихоби чунин вазири мардумӣ.
Мо занони Кӯлобшаҳри бостонӣ Шуморо дӯст медорему бо Шумо ифтихор мекунем!
Ту механдию гул сад бор мегардад фидои Ту,
Ту лаб во мекунию лаъл миннатдор, мезебад!

Ҳамеша муваффақ, сарбаланду чеҳрахандон бимон азизи дили дилҳо!

Бо эҳтиром Шоҳсанами Ризо
источник
Nigina Amonqulova
Дӯстат дорам 💙 @niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
I love you all my dear subscribers.
@niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
Чашми бади касс ба чашми мастат нарасад,
Офат ба лабони майпарастат нарасад.
Ман пеши Худо ҳамин мурод металабам,
Бар қадди муборакат шикасте нарасад.

@niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
Маро гар давлати дунё бубахшанд,
Баробар бо нигоҳи Модарам нест!

Чун ҳастии ман зи ҳастии Ӯст,
То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.❤
@niginamusic🌷
источник
2021 February 21
Nigina Amonqulova
Агар ман соҳилам, дарёӣ эй дӯст,
Агар ман булбулам, саҳроӣ эй дӯст.

Худоё ҳастият поянда бошад,
Равонамро равонафзоӣ эй дӯст.

Ҷаҳон бе ту надорад ҳеҷ нуре,
Сафобахшандаи дунёӣ эй дӯст.

Саодат бе ту кай бошад саодат,
Дари моро агар накшоӣ эй дӯст.

Тамоми лаҳзаҳои зиндагиро,
Ту бо ҳастии худ ороӣ эй дӯст.

Дигарҳо бо зару бо мол доро,
Ба хушрафторият дороӣ эй дӯст.

Зи ҳамроҳони нонию забонӣ,
Ҳазору сад карат болоӣ эй дӯст.

Чу ҳастӣ интихоби дил, аз ин рӯ,
Ҳамеша дар дили мо ҷоӣ эй дӯст.



Азизонам дӯст бошем ва нисбати якдигар беҳурмат набошем...! @niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
Эй, дил

Эй, дил, ту худро ин қадар печидаи ғамҳо макун,
Кошонаи пурғуссае аз баҳри мо барпо макун.

Озору ғам -ин аз адам оину расми зиндагист,
Тоқат фаро ору вале бетоқатӣ асло макун.

Қисмат ба коми худ рабуд, аз ман ҷаҳони орзу,
Бар лавҳи пешонӣ нигар в-он таънаро бо мо макун.

Худро мазан аз бехудӣ, то манзили Лайло равӣ,
Моро чу маҷнуни ғариб овораи саҳро макун.

Гар нокасе, кӯтоҳназар, лабханда зад бар ҳоли мо,
Рӯзе расад иқболи мо, дигар биё, парво макун.

Дунё, Сиёвуш, заррае лоиқ ба ашки дида нест,
Дар чашми равшанбини худ як қатрае ҳам ҷо макун.

Биштоб, то огаҳ шавӣ аз лаззати "боғи умед",
К-имрӯз агар огаҳ наӣ уммед аз фардо макун.

@niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
Хабари ишқи  Ту

Чи хушо, боз ба васфи Ту қалам меронам,
Ба раҳи ишқи Ту пайваста қадам мемонам.

Ҳама дам номи ту аз сафҳаи дил мехонам
Ва дигар як нафасе ба Ту будан натвонам.

Дида бикшода шунидам, ки садо меояд,
Ва садо панҷа бизад, то бикашад имонам.

Ба тарабгоҳи дилам гӯш ниҳодам, он гаҳ,
Хабари ишқи Ту будаст,  аё ҷононам!

Ба ҳамон савти гуворо, ки шудам хумморӣ,
Шунавам ҳар қадар ором бигирад ҷонам.
@niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
Намехоҳам ба рӯяш гард бошад,
Дилаш аз зиндагонӣ сард бошад.
Тавалло дорам аз Холиқи якто,
Вуҷуди Модарам бедард бошад.

Модари ғамхору мушфиқу меҳрубон Нигинаҷон.  @niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
شعر زیبای زندگی زیباست،
از استاد هوشنگ ابتهاج «سایه»

زندگی زیباست ای زیبا پسند
زنده اندیشان به زیبایی رسند

آن قدر زیباست این بی بازگشت
کز برایش می توان از جان گذشت

مردن عاشق نمی میراندش
در چراغ تازه می گیراندش

باغ ها را گر چه دیوار و در است
از هوا شان راه با یکدیگر است

شاخه ها را از جدایی گر غم است
ریشه هاشان دست در دست هم است
«هوشنگ ابتهاج»

نگارش به خط سیریلیک برای عزیزان تاجیک در آسیای:
Шеъри Зиндагӣ зебоист
Аз Устод Ҳушдори Ибтиҳоҷ "Соя"

Зиндагӣ зебост, эй зебописанд,
Зиндаандешон ба зебоӣ расанд.

Он қадр зебост ин бебозгашт,
К-аз барояш метавон аз ҷон гузашт.

Мурдани ошиқ намемиронадаш,
Дар чироғи тоза мегиронадаш.

Боғҳоро гарчӣ девору дар аст,
Аз ҳавошон роҳ бо якдигар аст.

Шохаҳоро аз ҷудоӣ гар ғам аст,
Решаҳошон даст дар дасти ҳам аст.

            @niginamusic
источник
Nigina Amonqulova
ШОИРИ ТУ
Дар ин шаҳри пур аз фарёди бесуд,
Миёни барфу борон, оташу дуд,
Миёни хандаҳои гиряолуд,
Ба як лаҳни дуруди пур зи падруд,
Ту медонӣ, ту, шоир буданамро!
Ту боғи ғунчаҳояш ношамида,
Ту дарёи ба соҳил норасида,
Ту талхии шароби ночашида,
Ту субҳи аз дили шаб нодамида,
Ту медонӣ, ту, шоир буданамро.
Маро ҳақгўву якрў мешиносӣ,
Ба як рўву ба як хў мешиносӣ,
Маро ҳатто ту аз бў мешиносӣ
Маро аз ман ту некў мешиносӣ,
Ту медонӣ, ту, шоир буданамро.
Ту медонӣ ғами фарсуданамро,
Ба хоки пойи ту сар суданамро,
Ту медонӣ фараҳафзуданамро,
Ту хонӣ қиссаи осуданамро,
Ту медонӣ, ту, шоир буданамро.
@niginamusic
источник
2021 February 22
Nigina Amonqulova
Новый обновление версия 1.2.0 приложение нашего сайта можете скачать и установить на свой телефон версия для андроид  ....   New update version 1.2.0 application of our site can download and install the version for android on your phone
источник
2021 February 23
Nigina Amonqulova
Nigina Amonqulova #niginamusic HI....... 💚
источник