Size: a a a

Nigina Amonqulova

2020 March 12
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
Об хурдам умрҳо аз косаи гирдобҳо,
Тоб хурдам солҳо дар дасти оҳантобҳо.

Ханда кардам рӯзҳо бар зиндагони бемазоқ,
Гиря кардам шомҳо бар мотами ноёбҳо.

Боб-боби дафтарамро ҳамчу боби хотирам
Ман навиштам бар алайҳи туҳмати нобобҳо.

Гарчи дидам ман ба чашми хеш аз наздику дур
Обро дузданд беш аз ташнагон шодобҳо,

Лек натвонанд оби рӯйро дуздид ҳеҷ
Бингаранд аз хилвате бо ҳайрату эъҷобҳо.

Бо вуҷуди ин ҳама кӯчондам андар шеъри худ
Манзари Анзобҳо, гулбодаи Варзобҳо.

Бо вуҷуди ин ҳама бо халқ будам ҳамнасиб,
Дар дилам хуршедҳо, дар дидаам маҳтобҳо...
источник
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
Окружай себя только теми людьми, кто будет тянуть тебя выше. Просто жизнь уже полна теми, кто хочет тянуть тебя вниз.  Джордж Клуни
источник
2020 March 13
Nigina Amonqulova
Ассалому алейкум дустон. Рузи беҳтарини ҳафта, рузи Саиди ҶУМЪА-ро ба кулли мусалмонон, ҳамватанони азиз муборакбод мегӯем.
источник
Nigina Amonqulova
Ба ХУДО аз худу аз кулли чахон хаста шудам,
Зи фазои гаму ин расми замон хаста шудам.

Дили бечораи ман сангиву фулоди набуд,
ЗИ хама дарди дилу кандани чон хаста шудам.

Ман аз ойини чафо, расми хато безорам,
Дигар аз ойинаи дарднишон хаста шудам.

Чи балост такдири баргаштаву рузгори хазин,
Зи казову зи чазову зи зиён хаста шудам.

Ситами ишку аламхои дилам ашк шуданд,
Бирав, эй гуссабиёр, аз ту чи сон хаста шудам.

Ту надони, ки чи ранг аст, хатари мурдани дил,
Дигар аз мотаму андухи гарон хаста шудам.
источник
Nigina Amonqulova
Madina Aknazarova & Nigina Amonqulova & Khujasta Mirzovali
Dress by Khurshed Sattorov
источник
Nigina Amonqulova
Официальный канал певицы Нигины Амонкуловой.

The official channel of the singer Nigina Amonqulova.

Все официальный адреса наших групп и каналов указанно на нашем официальном сайте.

Веб сайте: www.niginamusic.net
Почта 📧 : support@niginamusic.net
источник
Nigina Amonqulova
источник
2020 March 15
Nigina Amonqulova
Чӣ гум кардӣ, ки меҷӯӣ саҳар то шом дар саҳро?
Ҷавонӣ?
Гармии дил?
Гармии даст?
Ва ё гум кардаӣ ангуштари мероси модарро,
Ки меҷӯӣ ту бехи ҳар ниҳоли пунбаи наврас?

Миёни обу лою гармию сармо
Туро ҳар субҳ мебинам,
Туро ҳар шом мебинам.
Равад хуршед аз пайколат, аммо
Камони қомататро, шасти дастатро
Чӣ беором мебинам.

Миёни пунбазоре, ки ба роҳи Каҳкашон монад,
Дар он ҳар ғунча монанди ситора пурҷило тобад,
Миёни пунбазоре, ки чу паҳноҳои барфистон
Дурахшону шафақрезу сафеду бармало тобад,
Ту бар домони худ истораҳои пок мечинӣ,
На аз тоқи баланди осмон, аз хок мечинӣ.

Ту бар ҳар ғӯзаи сарбастаи кӯрак,
Ки монанди замин гирд аст,
Саҳар то шомгоҳон саҷда меорӣ,
Чу онро даст гирӣ, ман бипиндорам,
Ки гӯё ту заминро рӯи каф озод бардорӣ.
Ба зери гармии оҳангудози офтоби Шарқ,
Ки саҳро ҳамчунон дамхонаи оҳангарон тасфад,
Ту ҳамчун оҳани дар кӯра,
Нони дар танӯру хишти дар хумдон
Ба тоб оиву ранг орӣ, рухи ту лахчасон тасфад.

... Рухат ранги сафеди офтобӣ дошт,
Лабат ранги гулобӣ дошт.
Ту ҳам чун шаҳриёни ҳусн будӣ мисли гулдаста.
Кунун рӯи ту ҳамчун хишти пухта, нони тафта сурх метобад.

Лабат парсингбаста,
Дастҳоят шалпару хаста,
Мадори рафтаи худро фақат аз хок мекобад.
Туро, ҳусни туро танҳо
Ба ранги хоку ранги пунбаю бо зарҳали хуршед
Зи нав тасвир бояд кард.
Қатори ҷӯяҳои навниҳоли пунбазоратро
Фақат бар милаҳои майдаи идонаат монанд бояд кард,
Сафедию ҷилои пунбаро танҳо
Ба виҷдонат мисол оварда оламгир бояд кард.

Чунон шеъре бибояд гуфт то чун хирмани пунба
Дар он ҳам офтобу ҳам замин бошад.
Чунон шеъре, ки ранги он нагардад хира бо шустан,
Мисоли кулчаи рӯи ту пухта, нозанин бошад.

Ту, эй дасти заминпарвар,
Ту, эй ҳусни заминоро.
Ту, эй қадди хами шаҳдухтари меҳнаткаши тоҷик!
Ба ман омӯз расми бар замин таъзим бинмудан,
Ки то шеъри “сафеди” ман шавад бар пунбаат монанд,
Ва ё монанди ту бошад ҳамеша бо замин пайванд!
источник
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
Бурдам аз ёд Худоё ҳамаро ,
Ҳаваси ғамшикани замзамаро.
Эй сабабгори ғами ишқ бубин,
Шури ин дил ба куҷо бурд маро.
источник
Nigina Amonqulova
Уважаемые почитатели творчества артистки РТ Нигины Амонкуловой! Присоединяйтесь  к  нашим официальным страницам в социальных сетях и будьте в курсе всех событий в творческой жизни примадонны. Ниже указаны наши официальные страницы в социальных сетях.

Группы и страницы
1. Одноклассники
2. Вконтакте
3. Фейсбук
4. Там-Там точи русс
5. Там-Там англ
6. Вайбер
7. Вебсайт официальный сайт

По другим адресам нас нет
Пожалуйста будте бдительны
источник
2020 March 16
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
источник
2020 March 17
Nigina Amonqulova
источник
Nigina Amonqulova
источник
2020 March 18
Nigina Amonqulova
Nigina Amonqulova - Omad-omadat gardam 🎬.mp4
источник
2020 March 19
Nigina Amonqulova
источник