Сари роҳи вафо,бин, гул ба сад озор мегиряд.
Ғами худ монда як сӯ, бар ғами дилдор мегиряд.
Кадомин гулфурӯш ӯро бурид аз шохаи мақсуд,
Кунун аз реша маҳрум гашта зори зор мегиряд!
Зи дасте то ба дасте рафтаву пажмурда мегардид,
Магар девона,андар кӯчаву бозор мегиряд!
Гули гулдон дур аз ғавғою шӯри булбули шайдо,
Мисоли мотамӣ дар сояи девор мегиряд.
Магар гулдастаям,ки ҷудо аз булбулам имрӯз,
Даруни синаам дарёи хун такрор мегиряд!
Рафоатро чӣ мепурсӣ,ки ин дарду алам аз чист?
Зи беомад сафар бинмудани он ёр мегиряд!
@niginamusic