Девонаву дилбастаи иқболи худат бош,
Саргарми худат ошиқи аҳволи худат бош.
Як лаҳза нахӯр ҳасрати онро ки надорӣ,
Розӣ ба ҳамин чанд қалам моли худат бош.
Дунболи касе бош, ки дунболи ту бошад,
Ингуна агар нест ба дунболи худат бош.
Парвоз қашанг аст, вале бе ғаму миннат.
Миннат макаш аз ғайру пару боли худат бош.
Сад сол агар зинда бимонӣ, гузаронӣ,
Пас шокири ҳар лаҳзаву ҳар соли худат бош!!!
(Иқболи Лоҳурӣ)