❗️
Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад
✅Бинобар паҳн шудани
ҳар гуна овозаҳо дар бораи он, ки гӯё парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба маълумоти ҳамватанон мерасонад, ки парвози ҳавопаймоҳои пешбинишуда хатсайрҳои чартерӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони Россия (хоҳишмандон) аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ташкил карда мешавад, ки пас аз иҷозати ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад.
✅Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи ҳамватанон эҳтиромона хоҳишмандем, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накунед.
Ҳамчунин дар сурати пешниҳоди фурӯши билети ҳавопаймо аз ҷониби шахсони алоҳида, аз харидории чунин билетҳои ҳавопаймо худдорӣ намоед.
Ҳангоми барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон, шаҳрвандон метавонанд маълумотро танҳо аз сайтҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия, инчунин дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дарёфт намоянд.
✅Зимнан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанон эҳтиромона хоҳишмандем, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, бевосита, ҳар як шахс худаш, тавассути телефонҳои доимӣ амалкунандаи Сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон, ки дар зер нишон дода мешавад, муроҷиат намоянд:
ш. Москва:
📞 +7 (926) 411 09 61
📞 +7 (995) 501 87 33
📞 +7 (985) 740 02 12
📞 +7 (495) 690-41-86
e-mail: tajembmoscow@mfa.tj
Facebook:
@tajembassy.ru
ш. Санкт-Петербург:
📞+7 (961) 611 16 17
📞+7 (812) 490 47 46
e-mail:tajgencons.piter@mfa.tjш. Уфа:
📞+7 (347) 276 52 96
📞+7(927) 231 71 71
📞+7(927) 945 65 66
e-mail:tajconsufa@mfa.tjш. Екатеринбург:
📞+7 (343) 370 23 60
e-mail:tajconsek@mfa.tjш. Новосибирск:
📞+7 (913) 487 38 22
📞+7 (383) 349 59 70
e-mail:tajgencons.nsk@mfa.tj